Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ки гўи набошад мар-ўро ҳамол.
Афросиёб. Эй яли номдор!
Зи Рустам ту андеша дар дил мадор.
Ҷаҳонофаринанда ёри ту бод!
Дилу теғу бозу ҳисори ту бод!

Набардгоҳ. Барзу дар саҳна. Бо ғурур сўи лашкари Рустам нидо дорад.
Барзу. Барзу манам!
Ҷаҳонро яке паҳлавон нав манам.
Нахоҳам касеро ба ҷуз пури Зол, Ки гўянд: кас нест ўро ҳамол!
Овози Рустам.
Ман омодаам бар набард, эй далер!
Инак, гурзу инак, майдон!
Ҳарду ба ҷанг медароянд. Бо гурзҳои гарон ба сару рўи ҳамдигар мекўбанд. Гурзу найза мешиканад, ба ҷанги тан ба тан меоғозанд. Каме дам мегиранд, боз ба набард мехезанд. Барзу наъраи шерона кашида, ба Рустам ҳамлавар мешаваду ба шонаи ў сахт мекўбад. Рустам аз зўрии дард ба худ мепечад.
Рустам (худ ба худ). Худовандо, баргашт бахт!
(Сир бой надода, боз роҳи фиребро пеш мегирад).
Эй паҳлавон!
Сарафрозтар кас миёни гавон,
Шаб омад, дигар ҷанг кардан чӣ суд, Гумонам, ба ту ин қадарҳо набуд.
Чу фардо биёӣ бад-ин дашту ҷанг, Ба пас бозбандам туро ҳар ду ҷанг!
Барзу (хандида) . Эй сарфароз!
Чу фардо барояд баланд офтоб,
Биёям ба майдони ту бошитоб.
Барзу меравад. Наздикони Рустам гирдаш ҷамъ мешаванд.
Рустам аз дард менолад.
Рустам (ба Завора). Эй паҳлавон, гурди гарданфароз, Аморӣ биёвар, маро барнишон,
Ки дигар наёбӣ худ аз ман нишон.

пешина
аз 315
навбатӣ