ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Раҳи Систонро баророй кор,
Ки Барзу барорад аз Эрон димор.
Ба гурзи гарон ёли ман баршикаст,
Чу деве, ки бар кўҳпайкар нишаст.
Хомўшии гарон.
Фардо, чу Барзу биёяд савор,
Зи Эрон кӣ бо ў кунад корзор?
(Шиҳаи асп ба гўш мерасад).
Завора. Омад Фаромарз наздики мо,
Ки равшан шавад ҷони торики мо.
Фаромарз ба сари болини Рустам меояд ва дасту пои ўро мебўсад.
Рустам. Кунун чашм доранд эрониён,
Ки бандӣ мар-ин размгаҳро миён...
Фаромарз. Эй номдор,
Зи Барзу ту андеша дар дил мадор,
Ки имрўз дар разм коре кунам,
Ки андар ҷаҳон ёдгоре кунам.
Бибандам ду дасташ ба кирдори санг,
Дарорам ба гарданш дар полаҳанг.
Рустам. ... Бар Рахши ман шав савор,
Ба майдони кин дар раҳи корзор.
(Ба хизматгорон). Либосҳои ҷангии маро ба ў диҳед! (Ба
Фаромарз). Ин сару либосро ончунон ба бар кун, ки Барзу ба дидан манат гумон кунад.
Фаромарз. Дуоям кун, падар!
Рустам. Нигаҳ дорадат дар паноҳаш худо!
Набарди ду лашкар. Садоҳои «Бидор!», «Бибанд!», «Бигир!»
ба гўш мерасанд. Барзу ба размгоҳ ворид мешавад.
Барзу. Эй паҳлавонони Эронзамин,
Биёеду аз ман биҷўед кин!
Гургин (ба Фаромарз).
Аз Эрон ба майдони Барзу ту рав,
Ба майдон рав, ўро яке баргирой,
Бубинам, ки дар разм дорӣ ту пой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё