ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ки бо ман дар ин дашт вай кард ҷанг.
(Ба Фаромарз). Эй покзод!
Маро дар дил афтод дигар гумон,
Ба яздони додору гурзи гарон,
Ки он мард, к-ў дӣ зи пешам бирафт,
Ба пайкор бо ман ҳамегашт тафт,
Куҷо рафт, к-имрўз н-омад бурун,
Чаро кард осоиш он ҷо кунун?
Ҳамин гурзу ин найзаву бодпой,
Ҳамин ҷавшану тарку румӣ қабой,
Ки бо туст, бо ў ҳамебуд дӣ,
Ба афсун сар аз ҷанг бирбуд дӣ.
Чӣ афтод, к-имрўз н-омад ба ҷанг,
Чаро сахт ингуна найрангу ранг?
Фаромарз. Девонаӣ!
Чунин бо хирад аз чӣ бегонаӣ?
Ҳамонам, ки бо ту ман андар набард.
Ба гардун баровардаам тира гард.
Ҳамонам на имрўз дигар шудам,
Зи дӣ беҳтарам ман, на бадтар шудам!
Барзу. Пас бигўй,
Ки то худ чӣ номӣ ту, эй ҷангҷўй?
Фаромарз. Рустамам!
Набинӣ, ки ту қохиву ман дамам?
Манам пури Дастони Соми савор.
Ту баргўй, то худ нажоди ту кист?
Зи марги ту бар ту кӣ хоҳад гирист?
Барзу. Эй гурди пархошгар,
Туро чун саворон дилу шарм нест,
Ҷаҳонро ба наздикат озарм нест.
Ки чунон саворе або бурзу ёл,
Фаровон ба мардиву андак ба сол,
Дилат дод, кўро бикуштӣ ҳаме,
Ба майдон або ў бигаштӣ ҳаме.
Дили ту бар – ў барнаёвард меҳр,
Чу чеҳра ту ўро бидидӣ ба чеҳр!
Фаромарз. Чандин магўй!
Зи баҳри тани хеш чора маҷўй,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё