ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ки ман бо ту пайкор чунон кунам,
Ки чашми ҷаҳон бар ту гирён кунам!
(Вай бо гурзи говсар чун бод ҷониби Барзу медавад. Ҳарду ба ҷанг медароянд. Баногоҳ Барзу пешпо хўрда ба зону меафтад.
Фаромарз фурсатро ғанимат дониста, камандашро ба гардани Барзу меандозад ва чандкаса ўро кашолакунон аз набардгоҳ берун мебаранд).
Қасри Хусрав. Рустаму Барзу низ онҷоянд. Рустам сарбаланд,
Барзу – даступобаста.
Хусрав (ба Рустам). Эй паҳлавон,
Куҷоист ин паҳлавони ҷавон?
Рустам (бо виқор). Аз худаш бипурсед, шаҳриёро!
Хусрав (ба Барзу). Боз ор ҳуш,
Сухан бишнав аз мову бикшоӣ гўш,
Чӣ номиву аслу нажоди ту чист?
Ба Тўрон туро хешу пайванд кист?
Барзу. Эй шаҳриёр.
Ҷаҳонро баровар дарахте ба бор,
Маро хона дар кўҳи Шунгон бувад,
Бад-он рўд – андар маро хон бувад.
Кишоварз будам дар он дашту бум,
Ба барзигарӣ санг пешам чу мум.
Яке рўз будам дар он паҳндашт,
Яке лашкар аз пеши ман даргузашт.
Мар он дашт шуд ҳамчу дарёи об,
Сипаҳдорашон шоҳ, Афросиёб.
Маро диду овард эдар ба ҷанг,
Ҳам аз баҳри ному ҳам аз баҳри нанг.
Рустам (ба Хусрав).
Эй шоҳи пирўзбахт,
Мабодо ҷуз аз ту бад-ин тоҷу тахт.
Бибахшад ба ман шоҳ ўро ба ҷон,
Бидорам ман ўро чу ҷону равон.
Ба Арк-андарун боз дорам варо,
Ба ҷуз некўӣ пеш н-орам варо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё