Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бад-ин ҷой бар, эзиди додгар,
Насўзӣ диламро ба дарди писар.
Аз ин ҷанг ўро раҳоӣ диҳӣ,
Зи торикиям равшаноӣ диҳӣ!

(Ин дам каманди ҳарифон канда мешавад).

Барзу. Эй хушманд!
Чу созем акнун камарбанд сахт,
Бубинем, то бар кӣ ошуфт бахт,
Бигирем ҳарду даволи камар,
Битозем аспон абар якдигар.
Бубинем, то кӣ шавад хастадил,
Зи хуни кӣ бархезад имрўз гил.
Рустам. ... Эй номдор,
Ба яздони додори парвардигор!
Ҳар он чӣ бипурсам, бигўй ту рост,
Наёрӣ ба гуфтор – дар ҳеҷ кост,
Бигўй, ки тухму нажоди ту чист?
Ба Тўрон туро хешу пайванд кист?
Ҳамоно, ки аз тухми Тўрон най,
Ки ҷуз аз нажоди бузургон най!
Барзу. Эй паҳлавон!
Сухангўи доною чиразабон!
Чӣ пурсӣ аз ин баршуда номи ман,
Зи тухму нажоди ману анҷуман?
Туро бо нажоду таборам чӣ кор?
Чӣ дорӣ зи мардӣ? Ба майдон биёр!

Боз афтударафт. Дар ниҳоят онҳо хаста шуда дам мегиранд.

Рустам (худ ба худ)... Битарсам, ки ман,
Шавам кушта аз дастони Аҳриман.
Ба мардӣ шуда дар ҷаҳон номи ман,
Ба зиштӣ гирояд саранҷоми ман!
Чӣ гўянд аз он пас-пас аз марги ман,
Чу бинанд дар хун сару тарги ман?
Ки Рустам ҷаҳонро ба мардӣ гирифт,

пешина
аз 315
навбатӣ