Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама шаҳриёрон аз ў дар шигифт.
Аз ў дар ниҳеб аз карон то карон,
Чӣ шоҳони Чину чӣ Мозандарон.
Ба дасти кӣ дар ҷанг ў кушта шуд?
Ки хокаш ба хун-андар оғўшта шуд!?
Барзу. Кофист фароғат!
Рустам. Ман омодаам бар набард.

Ҷанги тан ба тан давом мекунад. Ногоҳ Барзу, пешпо хўрда, дар банд мепечад. Рустам, фурсатро ғанимат дониста, худро болои ў мепартояду филфавр ханҷар аз миён бароварда, монанди шери жаён мехурўшад. Ҳамоно бонги Шаҳру ба фалак мепечад.

Шаҳрў. Рустамо!
Ба ман ин замон гўш дор,
Шавам, то бигўям ба ту, ҳуш дор!
Туро шарм н-ояд зи яздони пок!
Ки чунин ҷавоне бар ин тира хок.
Ба зорӣ барорӣ равон аз танаш,
Ба хунаш кунӣ лаъл пироҳанаш?!
Туро ў набера, ту ҳастӣ ниё!
Бар ў дил чӣ дорӣ пур аз кимиё?

Шасти Рустам мегардад. Суст мешавад. Ханҷар оҳиста поён мефарояд.

Ҷаҳондор – фарзанди Сўҳроби гурд ,
Бад-ин зўру бозуву ин дастбурд.
Бихоҳиш куштан бад-ин дашт зор,
Натарсӣ зи яздони парвардигор,
Ки гоҳе набера кушӣ, гоҳ пур,
Баҳона туро кини Эрону Тўр!
(Рустам моту маҳбут) ... Эй шўҳра зан!
Маро андар ин достоне бизан!
Чӣ гўй? Магар хоб гўӣ ҳаме!
Бад – ин дашт чора чӣ ҷўӣ ҳаме?
Нишоне чӣ дорӣ, маро он бигўй,
Бигў пеши ман тез, махрош рўй!

пешина
аз 315
навбатӣ