ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Барзу. ... Эй бехирад,
Аз озодагон ин кай андар хўрад?
Ки кардаст бо ҳамнабарде бадӣ,
Магар он ки бар душмани эзидӣ?
Туро чун саворон дилу шарм нест,
Ҷаҳонро ба наздикат озарм нест.
Натарсидӣ аз нангу аз номи бад,
Ва ё сўи эзид саранҷоми бад?
Чӣ кардам ба ту ё ба фарзанди ту?
Магар он ки ҷастам зи дарбанди ту?
Туро шарм н-ояд зи риши сафед,
Зи яздон ҳамоно шудӣ ноумед.
Надонӣ, агарчанд монӣ дароз,
Саранҷом кор андар ой ба ғоз.
Чу бо ман басанда набудӣ ба ҷанг,
Сўи чора гаштӣ ба заҳри шаранг.
Кунун чун маро дошт яздон нигоҳ,
Зи рўзи баду чораи зиштгоҳ.
Ту мардии ман дида будӣ нахуст,
Дилат боз ин орзу аз чӣ ҷўст?
Ба яздон, ки гар ту накардӣ чунон,
Набастӣ ба пайкори ман-бар миён.
Чу ман сўи Тўрон шитобидаме,
Пас овози ту низ нашнидаме.
Надидӣ маро низ ҳаргиз ба ҷанг,
Ҳам аз баҳри шарму ҳам аз баҳри нанг.
Кунун чун шаранги ту н-ояд ба кор,
Ба подоши некӣ зи ман ёдгор.
Чунонат фиристам раҳи Систон,
Ки гирянд бар ту ҳама дўстон!
Ба ҷанг медарояд. Баъди чанде хаста мешаванд, дам мегиранд, боз набардро идома медиҳанд. Шаҳрў дар гўшае ин манзараро муоина мекунад.
Шаҳрў. Эй кирдигори ҷаҳон,
Ҷаҳондору дорои ҳафт осмон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ