ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Зи Сўҳроб чун аст инро нажод?
Бибояд маро рози ин баркушод!
Чу дорад зи Золу Наримон насаб,
Чаро пешам овард кину ғазаб?
Шаҳрў. Эй паҳлавон!
Забонам нагардад ҳаме дар ҷаҳон,
Магар ханҷар аз даст берун кунӣ,
Бар ин хаста ҷонам ту афсун кунӣ.
Битарсам, ки ҳар дам биҷунбӣ зи ҷой.
Бияндозӣ ин теғзанро зи пой.
Рустам ҳанҷарро як тараф мепартояд. Шаҳрў ба суханаш идома медиҳад.
Эй паҳлавони ҷаҳон!
Фурўзанда чун ҳур миёни меҳон.
Бад-он гаҳ, ки Сўҳроб шуд паҳлавон,
Сарафрозу номӣ миёни меҳон,
Фасила бар он кўҳи мо доштӣ,
Шабу рўз дар дашт бигзоштӣ.
Бад-он гаҳ, ки сар кард пуршўру кин,
Зи кин кард оҳанги Эронзамин,
Биёмад ба назди фасила дамон,
Або ў сипоҳе чу шери жаён.
Зи фармони додори парвардигор,
Падар буд он рўз андар шикор.
Дилаш гашт меҳри маро хостгор,
Якеро бифармуд «к-ўро биёр!»
Маро чокаре бурд наздики ўй,
Ба тан зўрманду ба дил чораҷўй.
Ба афсунгарӣ дида бешарм кард,
Ба ширинзабонӣ маро нарм кард.
Ба мардонагӣ коми дил баргирифт,
Ба чора маро танг дар бар гирифт.
Аз ў бар гирифтам, шудам борвар,
Ба андеша чанде фурў бурда сар,
Баровард сар он гоҳ, овоз дод,
Ки гардуни гардон туро соз дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо