ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Бидонӣ, ки аз ман шудӣ борвар,
Зи тухми чаҳонпаҳлавон – Золи зар.
Бурун кард з-ангушташ ангуштарӣ,
Нигинаш дурахшанда чун Муштарӣ,
Ба ман доду гуфтам, ки ҳин, гўш дор,
Бад-он ч-ат бигўям, накў ҳуш дор.
Нигаҳ дор ин, – чун писар оядат,
Ҳама ранҷи гетӣ ба сар оядат.
Ба ҳангоми он, к-ў шавад кинавар,
Бибандад ба пайкор ҷустан камар.
Бигўяш, ки дорад мар-инро нигоҳ,
Ки бошад фурўзанда чун меҳру моҳ.
Агар духтар ояд накў чун парӣ,
Дар ангушти ў бояд ангуштарӣ.
Бигуфт ину он гоҳ андар замон,
Ба асп андар омад чу боди дамон.
Биёмад ба пайкору худ кушта шуд,
Зи дардаш маро дида оғўшта шуд.
Ҷаҳонҷўй Барзу зи ман шуд ҷудо,
Ба монанди Сўҳроб нараждаҳо.
Ҳама сол ў буд ҳамсози ман,
Нагуфта ба ў ҳеҷ ин роз ман.
Ба барзигарӣ гашт ҳам достон,
Ба кирдори фарзонаи бостон.
Аз он бим, к-аш н-оядаш сози ҷанг,
Ба барзиш медоштам зери санг.
Набояд, ки ҳамчун падар зору хор,
Шавад кушта бар дашти пайкор зор.
Рустам ( тоқаташ тоқ шуда).
... бинмой ангуштарӣ,
Чӣ дорӣ ниҳон карда ҳамчун парӣ.
Шаҳрў ангуштариро ба Рустам пешкаш мекунад. Рустам, ба ангуштарӣ нигоҳ карда, наъраи шерона мекашад.
Шукрат, худовандо, поко парвардигоро!
(Ба Барзу).
Зи ҳомун бар афрози бора нишин, Бирав то ба наздики шоҳи замин!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо