Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

(Ба ҳамроҳонаш).
Гўш кунед, ҳаммеҳанон!
Ин номвар!
Ки буд баста дар ҷанг бо мо камар,
Дили мо аз ў пурғаму тоб гашт,
Ба фарҷом фарзанди Сўҳроб гашт!

Эрониён нидоҳои шодмонӣ бароварда шодиву рақс мекунанд.

Ба пеш, эй азизон, сўи Систон!
Ки некў шуд анҷоми ин достон!

Рустам, даст ба гардани Барзу, ҳамроҳи Шаҳрў ва ромишгар, аз қафои онҳо дигарон аз саҳна берун мешаванд. Мусиқии мутантан онҳоро то аз саҳна берун шудан гусел мекунад.

Парда

Душанбе-Теҳрон-Машҳад-Душанбе январ-июни соли 1992.
БАРЗУ ВА РУСТАМ

(Драмаи манзум)

Қисмати дуввуми асари дугона дар асоси достони безаволи
Абулқосими Фирдавсӣ «Саргузашти Барзу – писари Сўҳроб».

АМАЛ МЕКУНАНД:

БАРЗУ
РУСТАМ
АФРОСИЁБ
РУИН
САВСАН
ПИЛСАМ
ТУС
ГУДАРЗ
ФАРОМАРЗ
РУҲҲОМ
ГЕВ
ГУСТАҲМ
БЕЖАН
ҲУМОН
ШИДА
ПИРОН

Дар саҳнаҳои оммавӣ ҷанговарон, сарбозони ду тарафи муқобил ширкат меварзанд.

Дар саҳна ровиён. Онҳо дар даст асбобҳои гуногуни мусиқӣ аввал ба навозиш, сипас ба хониш шурўъ мекунанд:

Чу баргашт Руин аз он размгоҳ,
Аз он кори Барзу шуда дил табоҳ.
Биёмад чунон то ба назди падар,

пешина
аз 315
навбатӣ