Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чу пажмурда шоху фурў бурда сар.
Ҳама шаҳр дидаш чу дарё ба гўш,
Ҳаме кар шуд аз бонги мардум ду гўш.
Бипурсиду гуфташ: бигўяд чист?
Ба айвони мо дар фузўнӣ зи кист?
Яке гуфт: Афросиёб омадаст,
Ба меҳмонии паҳлави шаҳпараст.
Биёмад шитобон ба хони падар,
Пур аз дард ҷону пур аз дард сар.
Ба Пирон хабар бурд солори бор,
Ки Руин-т омад зи дашти шикор.
Хурўше баромад зи тўрониён,
Ки шод омад аз дашт шери жаён.
Чу Руин ба наздикии шаҳ расид,
Сиришкаш зи дида ба рух барчашид.
Заминро бибўсиду омад ба пеш,
Ҳаме буд бар по ба оини хеш.

Қароргоҳи Афросиёб. Вай сархам, андўҳгин аст.

Рўин башаст медарояд. Гард дар мижгон, ашк дар чашмон дорад.
Руин (заминро бўсида рў ба рўи Афросиёб қарор мегирад).
Шоҳаншоҳо!
Афросиёб. Эй паҳлавони ҷаҳон,
Чӣ афтод, к-эдун фурў рафтай?
Ту гўй, ки аз хоб ошўфтай.
Руин. Эй шоҳи ҷаҳон!
Чӣ тадбир андешем, ки бахт аз мо рўй тофт.

Афросиёб (дар хашм).
Ба хайр аст? Бигў, чӣ воқеа рух дод?
Руин. ... сир ҳама фош шуд,
Ба фарҷом Барзу фарзанди Сўҳроб шуд.
Сўи Систон рафт шодону каш,

пешина
аз 315
навбатӣ