Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба наздики он паҳлави шерфаш.

Афросиёб (бештар ба хашм омада, чашмонаш тоси хун мешаванд, даст ба зону зада ҷома дар тан медарад). Ҳай дареғ!
Ҳамааш ба боди фано рафт! (Чун шери жаён меғурад, ришу мўйлаб мекашад, сиришк мерезад). Акнун ба гуфтан чӣ суд?

Ки душман баровард аз бахт дуд.
Бигўед, тадбири ин кор чист?
Ба-д ин кор дарди маро ёр кист?
Ҳамоно, ки гардун маро баста кард,
Диламро ба доғ – андарун хаста кард.
Нахоҳем аз тухми Дастон бираст,
На аз тухми мо кас зи Эрон биҷаст.
Чӣ гўям, яке рафту омад дигар,
Бибандем бар кина ҷустан камар.
Наёсуд теғи вай андар ниём,
Ки бо ў бипайваст Барзуву мом.
Ба Эрону Тўрон чу Барзуй кист?
Бар ин кишвари мо бибояд гирист.
Надонам чӣ кардам бад-ин чархи пир,
Ки рўзам сияҳ кард монанди қир.
Чу Барзу набера, чу Рустам – ниё,
Яке шергиру яке аждаҳо!
Пас акнун чу бошанд ду кинаҷўй!
Зи хунам биренанд бар дашт ҷўй.
Сазад, гар кунун ҷумла тўрониён,
Гурезанд аз пеши Эрониён.

(Баъди ин суханҳо Афросиёб тоҷи шоҳӣ аз сар гирифта ба замин мезанад).
Хок бар сари ману шоҳии ман!
Руин (ўро дилбардорӣ карда):
Эй шаҳриёр!
Набошад чу ту дар ҷаҳон номдор!
Наберайи Фаридуну пури Пашанг!
Ба дарё гурезон зи бимат наҳанг!
Ба кина чу шеру ба неру чу пил,

пешина
аз 315
навбатӣ