ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба дил – мавҷи дарё, ба каф – рўди Нил,
Чу бар пушти шабранг бошӣ савор,
Чи як тан ба ҷангат – чӣ сесад ҳазор.
Кунун ин ҳама биму зорӣ чарост?
Чунин паҳлавӣ ёлу бозу кирост?
Афросиёб.
Намедонам! Намедонам! Ин сару савдоро ба куҷо занам?
Дўстон! Ҳамдилон! Қаринон! Маслиҳате, машварате! Чӣ бояд кард? Чӣ чора ҷўст? Ба ҳам пайвастани Рустаму Барзу ин балоест азим!
Савсан аз байни ҳозирон берун шуда назди шоҳ меояд ва сари таъзим хам мекунад.
Савсан. Эй дархўри тоҷу гоҳ!
Зи як тан фузўнӣ чӣ ояд кунун?
Ки ду дида кардӣ чу дарёи хун?
Туро ин ҳама нола аз як танаст?
Ҳамоно, ки як тан на аз оҳан аст!
Кунун гар маро шоҳ ёвар бувад,
Ҳамон бахти фархунда чокар бувад.
Ба яздони додору бахту кулоҳ,
Ба рахшанда хуршеду тобанда моҳ!
К-аз эдар ба танҳо ба Эрон шавам,
Ба афсўну найранги шерон шавам.
Чу Дастони Сому чу Барзу далер,
Чу Гударзу Геву чу Баҳроми шер.
Чу Рустам, чу Бежан, Завора дигар,
Фарибурзи Ковусу пархошгар.
Чу девона дар банд баста чу юз,
Биёрам ба пеши ту аз Нимрўз.
Афросиёб. Ба ин бовар дорӣ?
Савсан. Шоҳам, фаромўш накун, ки гуфтаанд: дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз дасти зан андеша дорад.
Афросиёб. ... пас биншину хомўш бош,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо