Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чу ромишгарон ҷоми май нўш бош!
Ки дидаст ромишгаре ҷангҷўй,
Набошад ба гетӣ чунин роҳу рўй!
Зан арчанд дар кор доно бувад,
Чу мардӣ кунад – сахт расво бувад.
Туро кор ҷуз барбату чанг нест,
Ду чанги ту андар хўри чанг нест.

Савсан (ғамгин). Эй шоҳи Мочину Чин!
Зи гуфтори ман дил мАкун пур зи кин.
Ки гуфтаст донои пешинзамон,
Мабошед эмин зи макри занон!
Ки ёрӣ нахоҳам зи мардони ҷанг,
Чу ман боз кардам ба чора ду чанг.
Валекин яке мард хоҳам далер,
Ки дар ҷанг бошад яке тунд шер.
Ки то буд ў, Рўи Рустам надид,
На овози ўро ба гетӣ шунид.
Ки бо ман бувад андар ин кор ёр,
Ба мардӣ напечад сар аз корзор.
Ки фармон бувад мар маро рўзи ҷанг,
Бад-он гаҳ, ки гўем, ки бикшой чанг.

Афросиёб. Эй ҳамчу дурри хушоб,
Агар он чи гуфтӣ, ба ҷо оварӣ,
Бадандешро зери по оварӣ.
Шавӣ бонуи бонувонам ҳама,
Шубон бошиву бонувонам рама.
Ба Эрону Турон шавӣ подшо,
Шавӣ бар ҳама кор дармонраво.
Валекин бигў, то чӣ дармон кунӣ?
Ки ҷони бадандеш бирён кунӣ?

Савсан. ... эй шаҳриёр!
Сухан бишнав аз ман, накў гўш дор.
Ба ҳар ҷо, ки ин сафкашон сар ба сар.
Нишинанд дар базм бо якдигар.
Фузунӣ кунад ин бар он, он бар ин.

пешина
аз 315
навбатӣ