ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Яке шўр бархезад охир аз ин,
Биёяд аз он пас ягона дугон,
Ҳам он пури Дастону он дигарон.
Ба пирўзии шаҳ, ба ёрии бахт,
Бигирам бар Эрон ман ин роҳ сахт.
Валекин яке мард бояд далер,
Ки бошад ба ҳар вақт монанди шер.
Ки бо ман дар ин роҳ ҳамраҳ бувад,
Зи неку зи бад низ огаҳ бувад.
Афросиёб. ... дорам саворе ба-д ин сон дамон,
Ба боло баланду ба бозў қавӣ,
Ба сина чу шеру ба тан паҳлавӣ.
Зи Чин омадаст ў набудӣ барам,
Гаҳи кина гўяд, ки «шери нарам»,
Набарди таҳамтан кунад орзўй,
Бидонад ки бошад туро ҳамроҳ ўй.
Надидаст пайкори Эрониён,
Ба-д ин орзу баста дорад миён.
Савсан. Эй шаҳриёр!
Бифармой, то ояд он номдор!
Афросиёб ( даст ба ҳам кўфта):
Оред мар Пилсамро барам,
Ба-д он то бад ин кор ман бингарам.
(Хизматгор меравад ва лаҳзае пас бо Пилсам мебарояд. Вай
болобаланд ва бо тану тўш аст).
Савсан. Эй номдор!
Ҷаҳонпаҳлавонро тўй хостгор?
Агар бо ман ой, бибаста миён,
Бикушӣ ба монанди шери жаён.
Ҳама номдорони хусравпараст,
Супорам ба дасти ту – шон хуфта маст.
Пилсам. Ҷаҳонпаҳлавонро манам хостгор,
Агар бинад ўро ҷаҳонбини ман,
Бибинӣ ба кин ҷўстан оини ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо