Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунонаш бидўзам ба пайкон ҷигар,
Ки симурғ гардад бар ў навҳагар.
Бибанд аз паи роҳ рафтан миён...
Афросиёб (хурсанд ба Пирон).
Бифармой, то уштур оранд чанд,
Супоранд яксар бад ин хушманд.
Яке хайма аз дибаҳи пурнигор,
Ҳама, ҳарчи бояд, бисозу биёр!
(Ба Савсан)
Эй номвар!
Бигў, то биёрам ҳам акнун ба пеш,
Ҳар он-чат бибояд ҳам аз камму беш.
Савсан. Эй паҳлавон!
Бимонӣ ту шодону равшанравон!
Ба холигарат гўй, к-эй чарбадаст,
Зи матбаҳ бибар хўрданӣ, ҳарчӣ ҳаст.
Зи мурғу зи ричору нону бара,
Бифармой, то оварад, яксара.
В-аз он пас бифармой к-андар замон,
Ду хики май оранд, эй паҳлавон.
Бифармой, то доруи ҳушбар,
Парастанда орад або нўшбар.
Афросиёб (даст ба ҳам кўфта).
Ҳозир кунед!
(Хизматгорон аз паи кор мешаванд).
Савсан. Ҳама кори ман гашт пардохта,
Кунун гашт кори дилам сохта.
(Таъзим карда меравад).
Афросиёб (Ба Пирон).
Ки биштоб аз эдар чу дарёи об,
Биёвар яке борагӣ кўҳсурин,
Зи заррин ситому зи пирўза зин.
Яке ҷавшани тарк бо вай дигар,
Ҳамон гурзаи говпайкар ба зар.
Пирон. ... эй номдори набард,
Агар ту барорӣ аз ин кор гард,
Ба яздони додору чархи баланд.
Ба хуршеди рахшону теғу каманд,

пешина
аз 315
навбатӣ