Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ки Турон туро гашту Эрон турост,
Маро ном бас бод-фармон турост.
Пилсам (ба Пирон).
К-эй паҳлавон!
Бимонӣ ту шодону равшанравон!
Ба бахти туву шоҳ Афросиёб,
Расонам сари хеш бар офтоб!
Чу Рустам ба чашми ман ояд яке,
Намонамш бар рахш – бар андаке.
Ба хамми камандаш рабоям зи зин,
Зи аспаш дарорам ба рўи замин.
Ба Зобулситон оташ андар занам,
Ҳама бехи Дастон зи бун барканам!
Бидўзам Фаромарзро чашми дил,
Зи хунаш кунам рўи майдон чу гил.
Аз айвони Дастон барорам хурўш,
Дили Зол орам зи Рустам ба ҷўш!

Ин дам Савсан меояд. Ва Пилсам ба ў рў меорад:

Эй мояи рангу бўй,
Бирон бора, то сўи Эрон равем,
Сўи он далерону шерон равем!
Савсан. Меравем!

Онҳо таҳти навои мусиқӣ аз саҳна мераванд.

Гурўҳи ровиён дар саҳна. Асбобҳои мухталифи мусиқӣ ба наво медароянд.

Ровиён (месароянд).
В-аз он рўй шерону гурдон тамом,
Расиданд наздики айвони Сом.
Ба хўрдан ниҳоданд сар рўзу шаб,
Зи ханда наёсудашон низ лаб.
Набуд корашон ҷуз ҳама хобу хўрд,

пешина
аз 315
навбатӣ