Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кас андешаи кори дигар накард.
Зи мастӣ чунон шуд ҷаҳонпаҳлавон,
Зи шодии Барзую Фарри каён,
Ки аз шаб ҳаме боз нашнохт рўз,
Чи Барзу, чи он Рустами невсўз.
Ҳаме ҳар касе гуфт: чун мо дигар,
Набандад ба майдони кина камар.
Яке гуфт: «ман шер гирам ба даст,
Шавад паст аз гурзи ман пили маст.
Ҳаме ҳар касе гуфт мардии хеш,
Яке гуфт камму яке гуфт пеш.

Ровиён аз саҳна мераванд. Ба саҳна гурўҳи паҳлавонони эронӣ ворид мешаванд.

Тус (даст бардошта).
... чу ман далерон куҷост?
Набошад чу ман гав або фарру ёл,
На Гударзи Кимводу на пури Зол!
Гударз.
Аз ҳад нагузар! Фурўтанӣ камоли мардӣ ва хирадмандист!
Чу бешӣ кунӣ пеши озодагон,
Ба вижа бузургони кишводгон.
Агарчанд аз мо туро шарм нест,
Касеро ба назди ту озарм нест.
Зи Барзуст худ шарм н-ояд кунун,
Ки дар хокат овард аз зин нагун!
Тус (чун шери жаён аз ниём ханҷар мекашад). Гапатро дониста зан! Ман аз касе кам нестам! (Бо як зарба ханҷари
Рухҳомро зада аз дасташ меафтонад). Ба зўри ман қоил шавед!

Рухҳом. Эй баддили ёвагўй!
Агар нестӣ шарми Рустам ба пеш,
Бидидӣ кунун ту сазовори хеш.
Зи гурдон туро пеша ҷуз нанг нест,
Чӣ суд аст к-ин хонаи ҷанг нест!
Аз ин суханҳо қаҳри Тус бештар мешавад.
Тус. Пас ман бирафтам аз ин ҷо!

пешина
аз 315
навбатӣ