ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Меравад. Рустам меояд.
Рустам (ба Фаромарз).
Тусат куҷост?
Чи уфтод к-ошуфта гашта ҳама,
Чи аз гурги борон рамида рама?
Бигўед к-ин доваритон чарост,
Ба беҳуда ин шўратон аз чӣ хост?
Барзу. ... ки эй паҳлавон!
Бимонӣ ту ҷовиду равшанравон!
Ба бедонишӣ Тусро ёр нест,
Ба ҷуз ҷангу шўраш дигар кор нест!
Надонад ба гетӣ касеро ба мард,
Зи Гударзу Рухҳом ҷўяд набард.
Ҳамон аз Фаридун сухан гуфту бас,
Ҷуз аз худ надонад дигар ҳеҷ кас.
Гударз. Хомўш!
Чу бедонишон беҳуда мармаҷўш!
Суханҳо ҳам аз хеш ронӣ ҳаме,
Магар хештанро надонӣ ҳаме?
(Ба Рустам):
Тус баровард бозуву ханҷар кашид,
Ҳамехост аз тан сарашро бурид.
Зи дасташ бурун кард Рухҳоми гурд,
Ҳама панҷаи дасти ў кард хурд.
Ба фарҷом акнун бурун шуд зи хашм,
Зи кина чу ду тоси хун карда чашм.
Надонам, куҷо рафт чун шуд бурун,
Бар онам, ки шуд сўи Эрон кунун,
Рустам (ба Фаромарз). Эй бехирад,
Зи озодагон кай худ ин дархўрад?
Агарчанд гардан бияфрохт ўй,
Ва ё хештан нек нашнохт ўй.
Нахоҳам, ки озода берун шавад,
Маро аз ғамаш дида пурхун шавад.
(Ба Барзу) К-эй меҳрубон!
Надонӣ ту оину расми ҷаҳон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо