ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ки бадномӣ ояд ба фарҷом аз ин,
Чунин гуфт донои Эронзамин.
Ки бар мизбон меҳмон подшост,
Ту он кун ки аз номдорон сазост.
Барзу замин мебўсад. Рустам ба Гударз рўй меорад:
Ки чун ту ба дониш надонем кас,
Ҷаҳонпаҳлавон Тус бедониш аст.
На ҳамчун ту борою бодониш аст.
Валекин зи тухми каён аст ў й,
Ҳам аз пушти шоҳи ҷаҳон аст ўй.
Натобӣ зи фармони ман ҳеҷ сар,
Ба-д он сон, ки дорӣ нажоду гуҳар.
Шавӣ аз паси Тўсу боз орияш,
Ба гуфтор з-ин беш н-озорияш.
Гударз. Ба чашм, паҳлавони дунё! Меравам ва ўро дар куҷое, ки бошад, пайдо карда меорам.
Меравад.
Гев. ... к-эй гурди нев,
Ту донӣ, ки Гударз гаштаст пир.
Чу деваст он Тўси нахчиргир.
Агарчанд Гударз фарзона аст,
Аз ў Тўс пуркина девона аст.
Шавам, ҳардуро пешат ором кунун,
Бихонам бар эшон ҳазорон фусун.
Рустам. ... фармон турост,
Ба-д он роҳ рав, к-ат ҳаме рой рост.
Гев. Меравам.
Меравад.
Густаҳм (бар пой хеста).
Эй паҳлавон!
Дили корзору хирадро равон!
Ту донӣ, ки аз Навзари шаҳриёр,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо