ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Надорам ба ҷуз Тўсро ёдгор.
Чу Гударзу чун Гев-ду ҷангҷўй,
Аз эшон надонам, чӣ ояд бар ўй.
Маро дил аз ин ҳар ду пурбим гашт,
Зи дарди бародар ба ду ним гашт.
Чӣ гўяд ҷаҳонпаҳлавон ин замон,
Шавам аз паси ҳар ду гурдон дамон.
Рустам. Пас бирав. Шод бош,
Дар ин кор бодину бо дод бош!
Густаҳм меравад. Чашми Рустам ба Бежан меафтад, ки сиришк дар чашмон дорад.
(Ба Бежан). Эй паҳлавони ҷаҳон!
Чаро ношикебӣ ту бар ҷои хон?
Чӣ андешаат омад акнун ба пеш?
Бежан. Эй паҳлавон!
Пурандеша гаштам зи Геви ҷавон.
Надонам, ки рафтори ў чун бувад,
Зи хуни ки ин хок гулгун бувад?
Агар паҳлавон рой бинад, ки ман,
Равам сўи он номдор анҷуман.
Рустам. Хез!
Барангез аз ҷой шабранги тез!
Бежан. Ба чашм пилтано!
Меравад.
Лаҳзае хомўшӣ.
Рустам (худ ба худ). Ҳама рафт. Ку бубинам, ки чӣ коре ба сомон мерасонанд ва чӣ хабаре аз он ғурурмард меоранд.
Ин сў он сў қадам мезанад, ба атроф назар меандозад.
(Худ ба худ).
Моно, ки коре бад аст,
Ба-д ин номдорон баромад шикаст.
Замоне дар ин кор андеша кард,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо