ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Хирадмандиву меҳтарӣ пеша кард.
(Ба Фаромарз).
Эй бандҳоро калид,
Дили ман аз ин кор пурдард шуд.
Рухонам зи андешагон зард шуд,
Бибанд аз паи роҳ рафтан миён,
Сутурат битозон чу шери жаён.
Ба ҷавшан бипўшон, нахустин барат,
Биёрой аз тарки рўмӣ сарат.
Барафроз бозу бар гурзи гарон,
Чу ошуфта девони Мозандарон.
Ҳар он ки – ў зи фармон-т ояд бурун,
Фурў рез аз он мард бар арз хун.
Фаромарз. Ба чашм, падар. Гуфти туро мекунам.
Меравад.
Рустам (ба Барзу).
Чӣ созему дармони ин чун кунем?
Мар ин хастагиро чи афсун кунем?
Барзу. Ки эй ҷангҷўй,
Баромад аз ин кор бас гуфтугўй.
Набояд ҳаме дил дар ин кор баст,
Ва андеша аз марг ҳаргиз ки раст.
Чунин буд, то буд гардон сипеҳр,
Гаҳе заҳри кину гаҳе нўши меҳр.
Рустам. Дуруст мегўӣ, ҷигарам! Кў, ман боз лаҳзае берун шавам.
Чаро аз рафтагон дараке нест?
Барзу. Хавотир нашавед, ҷаҳонпаҳлавон!
Рустам. На. Дилам аз пешомади нохуше огаҳӣ дода истодааст. (Меравад. Барзу танҳо мемонад. Мусиқӣ).
Ровиён дар саҳна.
Кунун бозгардам ба оғози кор,
Бигўям, ки чун рафт тўи савор.
Нигар, то чӣ омад мар ўро ба пеш,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо