Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зи гардуни гардону кирдори хеш.
Чу Тўс омад аз хони Рустам бадар,
Дил аз дард пурхуну хаста ҷигар.
Зи мастӣ чунон буд, ки огоҳ набуд,
Ҳамеронд аспаш ба кирдори дуд.
Ҳамерафт бо роҳи Эронзамин,
Саре пур зи боду диле пур зи кин...
Яке оташе дид карда зи дур,
Чӣ аз баҳри мотам, чӣ аз баҳри сур.
Ҳамеронд бора чу он ҷо расид,
Яке хайма дебои пирўза дид.
Хаймаи Савсан. Канизон гирди ў нишаста барбат менавозанд.
Тус ( ба хайма наздик шуда худ ба худ).
Ки ин з-они кист?
Бар ин ҷой ин хайма аз баҳри чист?
(Овоз баланд мекунад).
Худованди ин хайма, биномӣ рўй,
Киро бошад ин хайма, бо ман бигўй!
Савсан (ба истиқболи ў бархоста).
Эй меҳари пурҳунар,
Фуруд ой аз аспу биншин яке,
Баросою дам зан ҳам андаке.
Чу пурсидӣ, акнун бигўям туро,
Ҳама комаи дил биҷўям туро.
Ки то ман ба-д ин ҷо расидам ҳаме,
Ба ҷуз аз ту касро надидам ҳаме.
Бифармо, паҳлавони дунё. Нури дида, тоҷи сар!
(Тус ба хайма ворид шуда ба курсии зар мешинад).
Тус (ба Савсан). ... к-эй хубрўй,
Аз эдар куҷо рафт хоҳӣ? Бигўй?
Савсан. ...к-эй гурди пархошгар!
Ба ромишгарӣ чун ман андар ҷаҳон,
Набошад миёни кеҳону меҳон.
Шитобон ба Эрон чу дарёи об,
Гурезонам аз бими Афросиёб.
Ҳама шодии ў ба ман буд беш,
Маро дошт пайваста чун ҷони хеш.
Тус (дар шигифт). Чаро гурезонӣ аз бими Афросиёб?

пешина
аз 315
навбатӣ