Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Савсан. Барошуфт бо ман яке рўз шоҳ,
Зи гуфтору беғораи зиштхоҳ.
Ба ман – бар зиштӣ гумон омадаш,
Зи гуфтори бадгў нишон омадаш.
Маро хост куштан – гурезон шудам,
Зи Турон ба-д ин роҳи Эрон шудам.
Ман аз баҳри Кайхусрави номҷўй,
Зи Тўрон кунун омадам пўя-пўй.
Кунун гар ҷаҳонпаҳлавон номи хеш,
Бигўяд, биёбад ҳама коми хеш.
Тус (худ ба худ). Инро барам назди шоҳ.
Физояд маро назди ў пойгоҳ.
Зи Зобул або ҳадяи нав шавам,
Ба-д он гаҳ куҷо назди Хусрав шавам.
(ба Савсан). аз хўрданӣ ҳарчӣ ҳаст,
Биёвар барам, эй бути чарбдаст.

Савсан ҳамин ишораро маҳтал буд, ки сабук бархоста пеши ў мурғу нону гўшти барра мегузорад.

Савсан. Марҳамат, бифармоед, ҳузури ҷон шавад. Аввал таом, в-он гаҳ... (Ба тарафи Тус чашмакӣ мезанад, ки вай маънои онро мефаҳмад. Тус ҳам чашмакӣ мезанад ва худро ҳарисона ба болои анвои хўрданиҳо мепартояд. Баъди сер шудан ба Савсан мегўяд).
Тус. Ки гар ҳаст ҷоме зи бода, биёр!
Ба-д он то нагардам зи ғам сугвор.

Савсан ҳамин ишораро маҳтал буд. Зуд бархоста ба як гўшаи хайма меравад. Ба ҷом аввал шароб, сипас аз ҷайбаш чизеро бароварда ба он меандозад ва ба назди Тус меояд.

Савсан. Марҳамат, нўши ҷон шавад. Қуввати хеш зиёд кунед! Ман аноӣ нестам.
Тус ( чашмакӣ зада). Ман ҳам...
Туси диловар манам,
Зи пушти ҷаҳондор Навзар манам.
Бидеҳ чанд хоҳӣ ба дастам шароб, Чӣ пешам шаробу чи дарёи об!

пешина
аз 315
навбатӣ