ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Савсан (бо нозу карашма). О, агар беш нўшед, маст хоҳед шуд, пас вай кор чӣ мешавад.
Тус ( бо ғурур). Парво накун, фаришта. Зўрии маро бад мефаҳмӣ.
Савсан. Хуб шудааст. (Сабук бархоста ба ҷом аввал банг, сипас шароб рехта ва ба дасти Тус медиҳад. Тус ҳарисона ҷоми шаробро ба сар мекашад. Фосилае нагузашта маст шуда ба замин дароз меафтад. Савсан ба ҳоли вай механдад).
– Ҳа-ҳа-ҳа!
Бубинед марди майдонро!
Ки ин номвар паҳлавони ҷаҳон,
Надорад ба тан-дар, тў гуй равон!
О, ин майли висол дошт-ку! Ҳа-ҳа-ҳа!
(Даст ба ҳам мекўбад. Пилсам медарояд).
Бибандаш ба банди камар андарун,
Ҳаме баркашонаш ба раҳ сарнагун.
Пилсам зуд ба пои Тус полаҳанг мезанад ва кашон-кашон гирифта мебарад. Савсан боз ғолибона баланд-баланд механдад. Ин дам Гударз наздик меояд. Аз Савсан мепурсад:
Гударз. Ҳамин хайма бар дашти заррин кирост?
Худованди ин хайма баргў, куҷост?
Чӣ номи туву номи он мард чист?
Нажодаш кадом асту аз шаҳри кист?
Савсан. ... эй паҳлавони ҷаҳон!
Фурўзанда чун шед андар меҳон!
Зи гарданкашон мар туро ном чист?
Ба-д ин тирашон мар туро ном чист?
Гударз. Манам пури Кишвод-Гударзи род,
Ҷавонмард чун ман зи модар назод.
Ба айвони Рустам ба меҳмон будам,
Ба наздикии пури Дастон будам.
Ба бехудагӣ Тус оғоз кард,
Дари ҷангу пайкорро боз кард.
Аз айвони Рустам биёмад бадар,
Барошуфтаву тираву хирасар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо