ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҷаҳонпаҳлавон пури Дастони Сом,
Маро гуфт: «Эй паҳлавон некном!
Бирав аз паси Тус ў боз овараш,
Маёзор дар раҳ ба ноз овараш.
Кунун омадам аз паяш тозиён,
Туро дидам, эй бонуи бонувон.
Валекин чӣ дорӣ кунун хўрданӣ?
Биёвар, гарат ҳаст оварданӣ?
Савсан. Омадӣ, хуш омадӣ. Иззати меҳмон фармони худост.
Ман ҳозир!
Хурсанд аз ҷой бархоста мурғу нон ва шароб меорад. Гударз аввал як ҷом шароб нўшида мехоҳад Савсанро ба оғўш бигирад.
Савсан ишора мекунад, ки «ҳоло барвақт». Ба ў ҷоми дуюмро дароз мекунад. Вай ҳарисона менўшад ва боз даст дароз карданӣ мешавад. Савсан бо карашма худро дур мегирад. Гударз мувозинатро гум карда меафтад ва ҳамон тавр ба хоб меравад. Савсан хандида даст ба ҳам мекўбад. Пилсам медарояд ва чолокона дасту пои Гударзро баста кашолакунон гирифта мебарад. Савсан боз механдад. Ин дам аз берун шиҳаи асп ба гўш мерасад. Савсан ба берун нигоҳ мекунад.
Сайди дигар ба пои хеш меояд. Ку бинем, инаш ки бошад ва ба чӣ қодир?! Зуд худро ба ифоқа оварда барбат ба даст гирифта суруд мехонад.
Гев (ғазаболуд ба хайма ворид мешавад).
Ки эй симбар,
Чӣ номӣ ба ном, аз куҷо омадӣ?
Ба-д ин дашт пўён чаро омадӣ?
Савсан. Туро номи худ бояд гуфт бояд нахуст, Пас он гоҳ зи ман ёб посух дуруст.
Гев. Эй бонуи бонувон!
Манам Геви Гударзи Кишводгон.
Ба Тўрон баромад басе коми ман, Ба айвонҳо нақш шуд номи ман.
Кунун аз паси Тўсу Гударзи пир, Фиристод маро ёли шергир.
Ровӣ (аз як гўшаи саҳна падид омада).
Чу бишнид Савсан ба кирдори бод, Ба найрангу афсун забон баркушод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо