ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба-д он сон, ки бо Тўсу Гударз гуфт, Бигуфташ ҳама розҳо дар нуҳуфт.
Дили паҳлавон гашт аз роҳи шарм, Ба гуфтори ширини ў гашт нарм.
(Ровӣ мераванд).
Савсан. Аввал таом, в-он гоҳ калом!
Гев. Пас биёр таомро, ки нўши ҷон кунам!
Савсан. Ки эй номдор!
Фидои ту бодо тану ҷони ман, Ки афрўхтӣ ҷону айвони ман.
(Зуд хўрок, ҷому шароб меорад. Пайт ёфта ба шароб бангро ҳамроҳ месозад ва ба Гев дароз мекунад).
Гев. Ки баргир барбат, навое бизан!
Фиғоне дарафкан, абар ҷони ман!
Савсан. Ба чашм, паҳлавоно!
(Барбат менавозад. Гев ба як дам ҷоми шаробро менўшад ва фосилае нагузашта меафтад).
Пилсам!
Пилсам медарояд. Бо ишораи Савсан дасту пои Гевро баста сари китф карда мебарад. Густаҳм меояд. Чашмаш ба Савсан меафтад.
Густаҳм. Эй худованди хайма, биёи,
Ба ман ном гўю рухатро намой.
Касоне, ки буданд дар пеши ман,
Ҳамон марди бегонаву хеши ман.
Маро бозгў, то куҷо рафтаанд?
Ба назди ту ё дуртар хуфтаанд?
Савсан. Эй номвар паҳлавон!
Чаро бардамидӣ чу шери жаён?
Надидам касеро ба-д ин роҳ ман,
Ки ин ҷо расидам ба бегоҳ ман.
Густаҳм. Пас дар ин ҷо сари танҳо чӣ кор мекунӣ? Чӣ дарде дорӣ ба қалб?
Савсан. Гурезонам аз пеши Афросиёб,
Шавам назди Хусрав ҳаме пуршитоб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо