ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Чӣ номӣ, чӣ хоҳӣ, маро боз гўй,
Сўи равшанӣ ою бинмой рўй.
Густаҳм. ... эй дилбари покзод!
Маро ном Густаҳми гурди далер,
Ки бигрезад аз пеши ман наррашер.
Маро Туси навзар бародар бувад,
Натарсам, агар душман озар бувад.
Агар ҳаст ҷоме биёвар зи май,
Ки ранҷўрӣ афканд моро зи пай.
Савсан хандида чун гул шукуфта ҷоми шароб барои ў муҳаё месозад.
Савсан. Марҳамат, родмард! Нўши ҷонат шавад!
Густаҳм. Ки обод бошад ҳамеша танат,
Мабодо ба гетӣ ҳама душманат.
(Ҷоми майро дармекашад ва лаҳзае пас меафтад. Давон
Пилсам меояд ва ўро банд баста мебарад).
Ровӣ ( аз як гўшаи саҳна падид омада).
Чу аз тирашаб нимае даргузашт,
Сипеҳру ситора дигаргуна гашт.
Хурўш омад аз дашту овои мард,
Ки гуфтӣ бидаррид дашти набард.
Дурахшидани теғу бонги сутур,
Яке паҳлавоне чу тобанда хур.
Сарфароз Бежан буд он шергир,
Ки шер аз ниҳебаш шудӣ хира-хир.
Чу аз дур он равшаноӣ бидид,
Ҳамон хаймаву руду ово шунид.
Бежан ( ба саҳна ворид шуда).
... ин чӣ шояд будан?
Набояд ба-д ин кор дам барзадан!
Ба-д ин дашт на ҷои ромиш бувад,
Чунин ҷойгаҳ ҷои дониш бувад.
Ба яздони додори парвардигор,
Ба майдони разму ба дашти шикор.
Ба ҷону сари шоху тахти баланд,
Ба хуршеди рахшону печон каманд.
Ки Афросиёб, он шаҳи бутпараст,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо