Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дигар раҳ ба чора биёзид даст.
Чу сайёд дар роҳ дом оварид,
Бихоҳад паю бехи Эрон бурид.
(Ба пасу пеш менигарад. Касе нест. Овоз баланд мекунад).
Ки ин хаймаву ҷойгаҳ они кист?
Зи гурдони Эрон варо ном чист?
Аз эдар бурун ою бинмоӣ рўй,
Аз оғозу анҷоми ў бозгўй!

Савсан овози даҳшатбори Бежанро шунида бо тани ларзон берун меояд.

Савсан (худ ба худ).
Ки ин шери гарданкашон,
На онаст, ки – ояд дар ин доми ман.
Аз ин бар наёяд ҳаме коми ман.
Тарсону ларзон ба назди Бежан меояд.
Бежан ( бо кину адоват).
Куҷо шуд Гударзи кишводгон?
Дигар номвар паҳлавон Тўсу Гев?
Сарфароз Густаҳм – он гурди нев!
Ба пеши ман эдар буданд ин замон,
Ҷаҳонпаҳлавони равшанравон.
Чӣ гуна шуданду куҷо рафтаанд?
Ба назди ту, ё дуртар хуфтаанд?
Ба яздони додору фархунда тахт,
Ба ҷону сари шоҳи фирўзбахт.
Ки посух наёбӣ, магар теғи тез,
Намоям туро тирашаб растхез.

Савсан сахт меҳаросад, танаш меларзад, забонаш мегардад.

Савсан. К-эй гурди паҳлавоннажод!
Ҳамоно надорӣ зи яздон хабар,
Ки бо ман ба-д ин сон шудӣ кинавар?
Касе тунд гўяд ба ромишгарон,
Чунин аст оини озодагон?
Туро бо ман ошўфтан аз баҳри чист?

пешина
аз 315
навбатӣ