ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Чӣ донам, ки Гударзи Кишвод кист?
Ман андар кунун ин замон омадам,
На ин роҳро дидбон омадам.
Марҳамат бинмою биншин даме,
Ба-д он то бигўям туро ҳар ғаме.
(Бежан андешаманд вориди хайма мешавад ва бо ишораи
Савсан ба курсии зар мешинад. Савсан ҳамон замон мурғи бирён, нон меорад ва назди Бежан ба зону мешинад).
Бежан (хурўшида).
Биёвар яке ҷоми рахшони май,
Ки нўшам ба ёди сипаҳдори кай?
Савсан. Ана, ин гапи дигар, паҳлавон!
(Зуд сари хикро кушода ҷомро лаболаби май мекунад. Бежан
ба таги чашм мебинад, ки Савсан аз даруни сина чизеро бароварда ба май ҳамроҳ мекунад. Вай худро нодида меангорад. Савсан ҷоми майро бо карашма ба Бежан дароз мекунад).
Бежан. Ки ин ҷоми май,
Бихўр ту абар ёди Ковуси кай!
Кӣ ҳар кас ки ў мизбонӣ кунад,
Касеро ба май меҳмонӣ кунад.
Аз аввал се ҷоми пайпай хўрад,
Пас он гоҳ дар дасти меҳмон ниҳад.
Ба-д ин моя озори меҳмон маҷўй,
Бихўр ину ду дигар, эй моҳрўй.
В-агар на саратро бибуррам зи тан,
Ба Эрон барам назди он анҷуман.
(Савсан хамўш).
Бинўш гуфтам ба ту, эй бадкирдор! Ҳиллагар!
(Савсан ҳамоно хомўш)
Бежан ханҷар кашида мехоҳад сари Савсанро аз танаш ҷудо созад, вале ў бо як чолокӣ аз назди ў ғайб мезанад. Баъди фосилае Пилсам гурзи гарон дар даст медарояд.
Пилсам. К-эй бехирад!
Зи номоварон ин кай андар хўрад?
Зи гурдони Эрон туро ном чист?
Ки зояндаро бар ту бояд гирист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо