ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба-д ин ҷанги ман туро пой нест,
Ба дашт андарун мар туро ҷой нест.
Ҳамоно туро зиндагонӣ намонд,
Замона ба ҷояш касеро нишонд.
Сўи равшанӣ ою бинмой рўй,
Туро бо занон чист гуфтугўй?
Бежан (худ ба худ).
Оё ин мард кист?
Мар инро ба Эрон ҳамовард кист?
(Ба Пилсам).
К-эй деви найрангсоз!
Ба найранг ой ба Эрон фароз,
Чунин аст оини Афросиёб,
Надорад ба дида дарун шарму об.
Чӣ кардӣ ба-д он номдорони шоҳ?
Сари номдорону пушти сипоҳ?
Пилсам. Ҳама баста гаштанд дар дасти ман,
Ба моҳӣ гироянда шуд шасти ман.
Сари паҳлавонон ба банд андараст,
В-аз он номдорон туро бадтар аст.
Бибандам туро ҳамчу эшон ду даст,
Аз ин пас набошӣ бари шоҳ маст.
Кунам баста Барзуи Сўҳробро,
Кунам шодмон шоҳи Сақлобро.
Фиристам ба пушти ҳуюнони маст,
Ба оини гурдони Хусравпараст.
Ҳар он бад, ки кард ў ба Тўрониён,
Ба Тўрон кунам ман ба Эрониён.
Чунин аст оини чархи баланд,
Гаҳе нозу нуши гаҳе дарду банд.
Бежан. Ки эй сарфароз,
Ба кина ба чора насозанд соз!
Туро зиштномӣ шавад дар ҷаҳон,
Миёни кеҳону миёни меҳон.
Шабеҳун на оини мардон бувад,
Баду нек аз чархи гардон бувад.
Пилсам. Махон афсона, ки безорам зи он! Зўр бошӣ, биозмой!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо