Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бежан. Хуб! (Ба Пилсам бо гурзи гарон ҳуҷум мекунад. Вале гурзи Бежан ба Пилсам кора намекунад. Теғ мебардорад, вале боз бе натиҷа. Пилсам чапғалат медиҳад, Бежан меафтад. Пилсам каманд гирифта Бежанро ба банд медарорад ва кашолакунон мебарад. Ба саҳна Фаромарз ворид мешавад. Аз дур шиҳаи асп ба гўш мерасад).
Фаромарз. Шиҳаи шинос! Аспи Бежан! Ба ў фалокате рух додааст. Эй ёли паҳлавон! Нигаҳ дор худро аз ин бадгумон!

Шиҳаи асп такрор меёбад. Вай боз ба овози асп зеҳн мемонад.

– Не, не, хато накардам. Ин аспи ўст! Касе меояд. Кӣ бошад ў?
То ман бибастам камар,
Надидам чунин турки пархошгар.
Ба Тўрону Эрон чун ў мард нест,
Ба мардӣ ҳам ўро ҳамовард нест.
Надидам мар ўро ба Туронзамин,

На аз номдорон шунидам чунин.
Пилсам (ворид шуда омодаи набарди навбатист).
Фаромарз. Эй, номдор, туро ном чист?

Пилсам ( бо ғурур).
Аҷали ҷони туям!
Фаромарз. Оҳо, баланд рафтӣ! Фаромўш накун, ки гуфтаанд:
Чу мори сиёҳро сар ояд замон,
Ба пеши кушанда шавад тозиён.

Пилсам (худ ба худ).
Моно, ки ин ҷангҷўй,
Ҷаҳонпаҳлавон номвар Рустам аст,
Ки чунў набарда ба гетӣ кам аст!
(Ба Фаромарз).
Чӣ номиву аз тухмаи кистӣ?
Ба-д он сон хурўшанда аз чистӣ?
Фаромарз. Набошад ҳаме номи ман дар ниҳон,

пешина
аз 315
навбатӣ