Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кунун гўри ту коми шерон шудаст,
Ҳамон хоки ту дашти Эрон шудаст.
Пилсам. ... мардум наяксон бувад,
Агар чархи гарданда гардон бувад.
Маро аз шумори дигар кас магир,
Газофа магир инчунин хира-хир.
Чунонат фиристам ба наздики Зол,
Ки дигар нанозӣ ба бозуву ёл.
Ба хамми камандат барорам зи зин,
Зи хунат кунам сурх рўи замин.
Фиристам аз он пас ба дарёи Чин,
Бигардонамат гирди Тўронзамин.

Инро гуфта Пилсам гурзи гарон дар даст ба Рустам ҳамлавар мешавад. Рустам аз зарби вай аз ҷояш намеҷунбад. Ва ҳамлаи ҷавобӣ мекунад. Аз сару рўи Пилсам арақ ва хун мешорад. Китфи Пилсам зарар мебинад. Вале сир бой намедиҳад. Онҳо дуру дароз набард мекунанд, вале касе ғолиб намеояд. Пилсам ниҳоят хаста шуда меравад. Фаромарз меояд.

Фаромарз (ба Рустам) Або!
Даҳ ҳазор сипоҳ овардам!
Рустам. Эй бачаи наррашер!
Чунин бошад оини марди далер!
Сипаҳро ҳаминҷо баробар бидор!
Нигаҳ кун, ки то чун бувад рўзгор,
Ки то ман бибастам ба мардӣ камар.
Надидам чунин гурди пархошгар.
Басо деву мардум, ки ман куштаам,
Ба ҳар кишваре чанд раҳ гаштаам.
Чунин кас надидам ба майдони ҷанг,
Чӣ аз баҳри ному чӣ аз баҳри нанг.
Акнун бирав! Лашкарро ба ҷанг омода кун.
Ин набард набарди оддӣ нахоҳад буд.
(Фаромарз меравад. Пилсам меояд).
– К-эй баднишон!
Надидам чу ту ман зи гарданкашон,
Нажодат кадом асту шаҳрат куҷост?

пешина
аз 315
навбатӣ