ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ки чун ту диловар ба Турон нахост.
Пилсам. Эй беҳунар!
Куҷо дидаӣ ҷанги шерони нар?
Ту ҷуз дуд з-оташ надидӣ ҳанўз!
Бубинӣ кунун оташи мардсўз!
Ҳамон Пилсам ном кардам падар,
Бидаррам ҷигаргоҳи шерони нар!
Кунун чун шунидӣ ту номам дуруст,
Туро даст аз ҷон бибоист шуст!
Инро гуфта гурзи гаронро ба тарафи Рустам меғуронад. Баъд ду чоғи камонро бар зеҳ бароварда тир мекушояд. Ҷанги тан ба тан муддате идома меёбад. Касе мағлуб намешавад. Ниҳоят ҳар ду ҷангкунон саҳнаро тарк менамоянд. Барзу меояд. Саҳна лаҳзае холӣ. Ҳумон меояд. Чашмам ба Барзу афтода дар дар ҷояш меистад.
Ҳумон. ... к-эй номвар,
Чунин аст оини пархошгар?
Зи Тўрон чаро рўй баргоштӣ?
Чунин ҷойгаҳ хор бигзоштӣ?
Зи туркон киро буд он пойгоҳ?
Ки мар паҳлавонро ба наздики шоҳ?
Барзу. Махон ҳарза, ки тоқати шунидани онро надорам.
Ҳумон. Ту курнамакӣ!
Барзу ба ғазаб омада ба ў ҳуҷум мекунад. Ҳумон аз зарбаҳои паи ҳами вай базўр ҷон ба саломат бурда фирор мекунад. Барзу ҳам даст афшонда меравад. Баъди фосилае гапзанон ба саҳна Ҳумон ва Афросиёб ворид мешаванд.
Афросиёб. Чӣ шуд туро, паҳлавоно?! Дар рўят хун намондааст?
Ҳумон. Аз ў бадзот базўр ҷон ба саломат бурдам, олампаноҳо! кариб буд, ки ҷон ба ҷаббор супорам.
Афросиёб (дар ғазаб) ... ҷанг оваред!
Магар к-ин ҷавонро ба чанг оваред!
(Ба ҷанговаронаш).
Ҳой муттаҳамҳо!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо