Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ки-ин дашти разм аст, на ҷои хоб!
Ҳар он кас, ки орад, мар ўро барам,
Бибахшам, ду баҳра, варо кишварам!

Ҷанговарон ин амрро шунида бо шўру қиём ба ҷанг медароянд. Афросиёб ба Рустаму Барзу, ки дар каноре истодаанд, ишора карда мегўяд:

... агар ин ду тан,
Шавад зинда наздики анҷуман.
Аз ин бадтар андар ҷаҳон нанг нест,
Ҳамоно, шуморо дили ҷанг нест.

Задухўрд идома меёбад. Фаромарз наздики Барзу меояд.

Фаромарз. Ки эй номвар гурди фирўзбахт.
Тўӣ шохи он паҳлавонӣ дарахт!
Набояд ки ин турки висанажод,
Ки номи падарро надорад ба ёд.
Аз ин дашти пайкор берун шавад,
Магар ёли ў ғарқаи хун шавад.

Ҳумон оҳиста омада ба Барзу ҳуҷум карданӣ мешавад. Вале вай чаққонӣ карда ўро ба банд мегирад. Фаромарз ханҷар ба сари дили Ҳумон мехалад ва ўро нобуд месозад.
– Сазои сари ту ҳамин аст, нобакор!
(Ба Барзу).
Биштоб, ҳин!
Бигардон инонро ба Эронзамин!
Ба Рустам намоям таргу сипар,
Дирафши сипаҳдору он тахти зар.
(Мераванд. Рустам ва Пилсам аз ду тараф вориди саҳна мешаванд).
Рустам (ба Пилсам).
К-эй гурди лашкаршикан!
Нахезад чу ту гурд аз анҷуман.
Фурў монд аспи таковар зи кор,
Зи неруву пархоши ҷангӣ савор.

пешина
аз 315
навбатӣ