Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Забонҳо шуд аз ташнагӣ чок-чок,
Ҳама комҳо шуд пур аз гарду хок.
Дигар он ки шаб низ наздик шуд,
Ҳамон рўзи рахшанда торик шуд.
Ҳама номдорони эрониён,
Ба найранг баста ба банди гарон.
Надонам, ки фарҷоми ин чун бувад,
Зи хуни кӣ ин дашт гулгун бувад?
Пилсам. ... эй тановар дарахт,
Мабинод бинандаат рўи бахт.
Ҳама коми мо буд имрўз кор,
Надонам, чӣ дорад ба дил рўзгор.
(Рустам меравад. Афросиёб меояд. Пилсам назди ў меояд.
Пилсам ба ў рўй меорад).
К-эй шоҳи Сақлобу Чин!
Чаро дорӣ аз дард абрў ба чин?
Ман имрўз бо РУСТАМИ номвар,
Ба кина бибастам ба мардӣ камар.
Кунун чун шаби тира омад падид,
Ба чора сипаҳбуд ба лашкар расид.
Чу аз кўҳ сар бар занад офтоб,
Ман аз бахти Тўроншоҳ-Афросиёб,
Кунам рўзи равшан бар ў – сиёҳ,
Барояд зи эрониён коми шоҳ!
Афросиёб. Эй ҷаҳонҷўй мард!
Набинӣ, ки гардуни гардон чӣ кард?
Ду гурди диловар даромад ба кин,
Ба-д ин лашкари турку шерони Чин.
Ҳама лашкари турк барҳам заданд,
Дирафшу ҳам он пили ман бастаданд.
Ба хок андарун паст шуд з-он сарам,
Ба нанг андар олуда шуд гавҳарам.
Ҳамон тарки ҳумони зарринсипар,
Бибурданд гурдони пирўзгар.
Пилсам. Надоранд гурдон магар рои ҷанг,
Зи Тўрон ба Эрон ба ҷанг омадед,
Ба кина диловар наҳанг омадед.
Бибандед бар кина ҷустан миён,

пешина
аз 315
навбатӣ