ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Матарсед аз чораи бадгумон.
Ки ман чун барорад, сипеҳр офтоб,
Ба бахти ҷаҳондор Афросиёб.
Кунам рўи ҳомун чу дарёи хун,
Ба киштӣ гузорам кўҳи Бесутун.
Афросиёб (даст ба ҳам кўфта).
Аҳсант! Аҳсант!
Парда.
ҚИСМИ ДУВВУМ
Қароргоҳи Рустам. Барзу онҷост.
Рустам (ба Барзу).
К-аз эдар бирав шоду равшанравон,
Зи лашкар гузин кун саворе дувист.
Мазан дам, ба раҳбар замоне маист,
Бурун кун ҳаме пои эрониён.
Зи банди сипаҳдори тўрониён,
Барзу. Ба ҷон паҳлавоно!
Бонги хатар. Рустам меравад. Шида-паҳлавонӣ тўронӣ рў ба рўи Барзу.
Шида. К-эй номвар, кинаҷўй!
Хўрушон чӣ пўй ба-д ин тирашаб?
Ба наъра ҳаме баркушода ду лаб,
Аз эдар куҷо рафт хоҳӣ – Бигўй?
Барзу. Надонӣ, ҳамоно, ки ман кистам?
Ба-д ин ҷойгаҳ аз паи чистам?
Манам мояи ҷанг – Барзуи шер,
Набераӣ ҷаҳонбахш гурди далер.
Зи коми наҳангон натарсам дар об,
На бар дашт аз теғи Афросиёб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо