ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Гурезон ба-д онам дар ин тирашаб.
Ба шодӣ кушода ба раҳ – бар ду лаб.
К-аз эрониён банд берун кунам.
Зи хуни ту ин хок гулгун кунам.
Шида (сахт барошуфта).
Ки ҳар чат бибояд, ба туркон кунӣ,
Ҳама давраи мо ба ҳам барзанӣ.
Ба яздон, ки бар пой дорад сипеҳр,
Ба тобанда Барҷису Ноҳилу Меҳр.
Ки туркон ба дил – дар надоранд нанг,
К-аз ин сон бирафтӣ ту ҳамчун паланг.
Намондӣ, ки эшон шудандӣ раҳо,
В-агар нестӣ ту ба ҷуз аждаҳо.
Маро аз шумори дигар кас магир,
(Инро гуфта ба Барзу ҳамлавар мешавад. Вале мувозинатро
гум карда меафтад, вале боз чолокона бархоста набард мекунад.
Рустам аз дур мебинад, ки Барзуро набард душвор аст, ба Фаромарз муроҷиат мекунад).
Рустам. ...к-эй паҳлавон!
Аз эдар бирав шоду равшанравон.
Ба ҷавшан бипўшон тани номвар,
Магар к-аз ту гардад раҳо шери нар.
Набояд ки ўро ба ҷанг оваранд,
Бароварда номаш ба нанг оваранд.
Ба пайкор бо ў кунун ёр бош,
Танатро зи душман нигаҳдор бош!
Фаромарз. Ба чашм, падар!
Ба набард медарояд. Барзу рўҳ гирифта ҷангро ба шиддат бо
Шида идома медиҳад.
Шида. Ки чун диловар зи эрониён,
Набандад ба мардӣ камар бар миён.
Надонам, ки фарҷоми ин чун бувад,
Зи хуни ки ин хок гулгун бувад?
Барзу (ба ҷанговарон). Ҷанг оваред!
Ҳама номи душман ба нанг оваред.
Фаромарз, Барзу ва дигар паҳлавонон боз ба ҷанг медароянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо