ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Афросиёб пайдо шуда чашмаш ба Барзу меафтад, ки ҷасурона ба паҳлавонони ў набард дорад. Худ бахуд.
Афросиёб. ... ин аз ман омад нахуст,
Ки тухми бадӣ киштам, акнун бируст.
Вагарна кӣ донист, к-ин худ куҷост?
Дар он буми Шингон зи баҳри чарост?
Чӣ гўям зи кирдони чархи баланд,
К-аз ў нест бар ҷони ман ҷуз газанд.
(Ба Шида). К-эй номҷўй!
Чу рўз омад, аз ҷанг бартоб рўй!
Барзу (ба Фаромарз). К-эдар бимон,
Нигаҳ кун ба-д ин гардиши осмон.
Ки то ман замоне ҳаме дам занам,
Зи сустӣ ҳаме дида БАРҲАМ занам,
Мар ин хастагиҳо бибандам яке,
Баросоям аз дарди тан андаке.
(Меравад).
Афросиёб. Куҷо шуд сарафрозиял, Пилсам?
Магар нашнавад нолаи говдум?
Ҳамоно шуд сараш зи мастӣ гарон,
Натарсад зи байғораи сарарон.
Пирон меояд. Вай хашмгин.
– К-ин хашм чист?
Ҳамоно нодонӣ, ки ин мард кист?
Агар мард онаст, ман дидаам.
Умед аз тани хеш бибридаам.
Ба пайкони Рустам маро тоб нест,
Шуморо ба дида дарун об нест.
Ҳама ном ҷўеду ҷанг оваред,
Замоне ба пешаш диранг оваред.
Афросиёб овоз баланд мекунад.
Рустам куҷост?
Ки хоҳам ба майдон аз ў кина хост,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо