ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба майдон бигардем бо якдигар,
Ба кина бибандем ҳарду камар.
Бубинем, то бар чӣ гардад замон,
Ҳамоно сар бод якеро равон.
Гударз. Надонам, ки фарҷоми ин кор чист?
Ҳамон бахти рахшанда худ ёри кист?
Битарсам, мабодо ки чархи равон,
Нагардад ба коми дили паҳлавон.
Рустам (пайдо шуда).
Ин ҳама нолаи зор чист?
Туро ба ҷаҳондор пайкор чист?
Бимирад ҳар он-к зи модар бизод,
Намонад ба гетӣ касе роду шод!
Ба неку бади чарх хурсанд бош,
Ҳамеша маро аз дари панд бош.
(Ба Барзу).
Ки эй номвар гурди равшанравон,
Ба ҳар кор бояд, ки дар пеши шоҳ,
Миёнбаста бошӣ чу ман бо сипоҳ.
Натобӣ сар аз шаҳриёри чаҳон,
Ба фармони ў баста дорӣ миён.
Маро сол афзун шуд аз чорсад,
Надидам ба гетӣ яке рўзи бад,
Кунун гар замона фароз омадаст,
Ба ту навбати ҷанг боз омадаст.
Агар кушта гардам ба овардгоҳ,
Набояд, ки печӣ зи хуршеду моҳ.
Миёнро бибанд аз паси кини ман,
Худу номдорони ин анҷуман.
Лавозимоти ҷангиро муҳаё созед! Пилсам, куҷоӣ, баро ба ҷанги ман!
Пилсам (баромада).
К-эй паҳлавон!
Сарафрози гурдони равшанравон.
Ба ҳангоми кина чу бархостӣ,
Ба пайкор бар дил чӣ оростӣ?
Ки ман чун баровардам аз хоб сар,
Чунин кардам андеша, эй номвар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо