ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба гурзи гарон гарданат бишканам,
Ба Зобулситон оташ андар занам.
Рустам (барошўфта).
К-эй марди шўридабахт!
Наёяд зи харгўр пайкори шер,
Бихандад бар ин гуфт марди далер,
Чаро ғарра гаштӣ ба бозуи хеш?
Ба-д ин бурзу болову неруи хеш?
Дар овардгаҳ мард чун ту ҳазор,
Гар оянд пешам набурду савор.
Чу ояд замона касеро ба сар,
Ба пайкори ман бар бибандад камар.
Туро он замон кушт Афросиёб,
Ки киштӣ фикандӣ бар ин рўи об.
Фиребанда гаштӣ ба гуфтори ўй,
Чӣ донӣ ту найрангу кирдори ўй.
Бигиряд ба ту дидаву кишварат,
Нишинад ба мотам ҳаме модарат.
Чу бинӣ ба майдон ту кирдори ман,
Ҳаме рост донӣ ту гуфтори ман.
Пилсам. ... к-эй паҳлавон!
Дили корзору хирадро равон.
Бисояд сипеҳрат, агар з-оҳанӣ,
Зи гашти замона ҳаме бишканӣ.
Инро гуфта Пилсам ду зоғи камонро ба зеҳ монда ҷониби
Рустам рост мекунад, Рустам ҳам чунин мекунад. Ҷанги байни ду
паҳлавон шурўъ мешавад. Баъди фосилае Пилсам мегўяд.
Ки гардун зи тири ту будӣ ба хам,
Ту гуфтӣ, ки пайкони ман рўзи ҷанг,
Зи бимаш бисўзад ба дарё наҳанг.
Ҳама хом будаст гуфтори ту,
Чу дидам дар овард пайкори ту.
Чӣ ёзӣ ба чора, ба ҳар сўй чанг,
Чӣ дорӣ, биё, аз набарди паланг?
Биёвар, ки бинанд тўрониён,
Ҳамон номдорони эрониён.
На онӣ, ки гуфтӣ: «чу ман нест кас!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо