ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба мардӣ кунам бодро дар қафас!»
Рустам ба сони паланг меғўррад ва аз тасмаи зин камандро мебарорад. Пилсам ҳам чунин мекунад. Камандро ҷониби Рустам мепартояд, то ўро ба банд дарорад, вале тираш хок мехўрад.
Онҳо боз ба ҳам дармеафтанд. Хеле ҷанг мекунанд, хаставу шалпар мешаванд.
Рустам. Ки эй номвар шери пархошҷўй,
Ба майдон бибандем ҳар ду камар.
Ба пуштӣ бакўшем бо якдигар.
В-агар на нишинем, то дигарон,
Намоянд мардӣ ба гурзи гарон.
Чӣ гўй ту акнун, ки ҷанг оварем,
Ки то номи мардӣ ба ҷанг оварем.
Пилсам. Бале!
Ба киштӣ бибандем ҳар ду камар!
Инро гуфта чун бабр меғуррад ва ба Рустам ҳамлавар мешавад. Даст ба миёни ҳамдигар мезананд. Афту дарафт, кашмакашӣ.
Рустам ўро зўр меорад. Маълум аст, ки Рустам нисбат ба Пилсам бартарӣ дорад. Пилсам ҳам мебинад, ки мағлуб шуда истодааст.
Афросиёб ҳозир шуда ин манзараро мебинад. Ў ҳам эҳсос мекунад, ки Пилсам мағлуб мешавад.
Рустам (ба Пилсам). Эй турки баргашта бахт!
Ки бар ту бигиряд ҳаме тоҷу тахт.
Ба дил барнадорӣ ҳаме тоби ҷанг.
Чу ёзӣ ба чора зи ҳар сўи ҷанг.
Ба гурзи гарону ба тиру камон,
Ба Зобулситонат кунам меҳмон.
Набинӣ дигар марзи Сақлобу Рум,
Бузургону гурдони он марзу бум.
Боз ба ҳам мечаспанд. Ду бозу ба гирди камари ҳамдигар печон мешаванд. Чашмҳо тоси хун, камарҳо канда мешаванд, вале ҳеҷ кадоме ба мағлубият тан доданӣ нест. Лаҳзае дам мегиранд.
Барзу меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо