ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Барзу (ба Рустам).К-эй паҳлавон!
Гарон кун рикобу сабук кун инон.
Бирав шодмон назди эрониён,
Баросой, то ман бибандам миён.
Ба куштӣ гирифтан чу шери жаён.
Рустам. К-эй номдор,
Ба хар кор яздон маро ҳаст ёр.
(Инро гуфта боз ба майдон медарояд. Ба Пилсам).
Биё, то бигардем дигар ба ҳам.
Афросиёб (ба Пилсам).
Эй номвар паҳлавон!
Чу боз ой аз дашт равшанравон.
Ҳама марзи Эрону Тўрон турост,
Замона саросар ба фармон турост.
Пилсам (шод гашта). Сареҳ гуфтӣ, олампаноҳ! Худо хоҳад,
Эрону Тўрон азони мо хоҳад шуд! (Ба Рустам):
К-эй паҳлавони далер,
Биё, то бубинем к-ин кўжпушт,
Ҳамон бар ки гардад ба кина дурушт.
Рустам. ... Дил шод дор!
Ҳамон ранҷи бигзаштаро бод дор.
Ҳуҷум мекунад. Боз ҷангу талош. Бартарии Рустам баръало ба мушоҳида мерасад. Пилсам ҳис мекунад, ки торафт мадор аз ў меравад. Танаш чун барги бед меларзад. Ногоҳ Рустам ўро бо тамоми қувва бардошта ба замин мезанад. Пилсам хўруше аз сина бадар карда хомўш мемонад. Барзу меояд. Замин бўсида ба Рустам таъзим менамояд. Пилсам ба худ омада хестанӣ мешавад, вале Барзу бо чолокӣ ўро нақши замин месозад ва шамшер бароварда ба сари синаи Пилсам мехалонад. Вай як оҳе кашида ҷо ба ҷо мемирад. Ин дам Завора, Фаромарз ва дигар паҳлавонони Эрон омада аз шодӣ ба ваҷд меоянд ва изҳори хурсандӣ менамоянд.
Рустам. Акнун навбати Афросиёб!
Намонед то бинад он рўи об! (Рўй ба хок молида ва ба осмон муроҷиат карда).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо