Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

К-эй кирдигори ҷаҳон!
Шиносандаи ошкору ниҳон.
Ту кардӣ маро шоду равшанравон,
Ту додӣ ба ман боз пури ҷавон.
Ба гетӣ нигаҳ дораш аз бадкуниш,
Мабодо, ки ёбад зи кас сарзаниш.
Ба ҳар кор пушту паноҳаш ту бош!
Нигаҳдори аврангу гоҳаш ту бош!
Афросиёб (даст ба гурзи гарон бурда ба Пирон муроҷиат мекунад. Ҷанг оваред!
Ҳама роҳи Рустам паланг оваред!
Ки ман бо сипаҳдор ҷанг оварам,
Ҳамон номи ўро ба нанг оварам.
Бикўшам ба-д ин дашт бо ў ба кин,
Зи хунаш кунам сурх рўи замин.
Пирон (бо андўҳи гарон).
К-эй хусрави роҳнамун,
Ҳамон аст Рустам, ки дидаӣ,
Зи гарданкашон низ бишнидаӣ.
На ў пир гашта, ту аз сар ҷавон,
Нагўяд чунин шоҳи равшанравон.
Агар ту шавӣ кушта бо дасти ўй,
Ба моҳӣ гироянда шуд шасти ўй.
Ки бошад ба Турон ҳаме шаҳриёр,
Зи туркон бароранд аз он пас димор.
Ту бигзор, то ман саворон бурун,
Фиристам ба-д ин дашт ҷўёи хун.

Ин дам касе аз тарафи Тўрон омада ба Пирон чунин хабар медиҳад.

К-эй номвар,
Сияҳ шуд зи лашкар ҷаҳон сар ба сар.
Ҷаҳондор Кайхусрав омад ба кин,
Сияҳ карда аз сумми аспон замин.
Пирон. К-эй довар раҳнамун,
Ба-д ин ҷой моро нигаҳбон бош!
Макун рози моро ба-д ин дашт фош!

пешина
аз 315
навбатӣ