Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

(Ба Афросиёб).
Ки эй шоҳи Тўрон, чӣ дармон кунам?
Ба навъӣ магар боз паймон кунам?
Ба гуфтори зан сар бидодӣ ба бод,
Чунин рўзи бад ҷуз ба душман мабод!
Зи паҳлуи чап офаридаст зан,
Ки дидаст ҳаргиз зани ройзан?!
Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон Кайкубод,
Ки нафрини бад бар зани нек бод!
Кунун гарди кина барангехтӣ,
Ба доми бало андар овехтӣ.
Чу Кайхусрав омад ба-д ин размгоҳ,
Бароранд Эрониён сар ба моҳ.
Афросиёб (аз хашм биҷўшида).
К-эй хирасар!
Паноҳаш ба ҳар кор пирўзгар!
Наберайи Фариддуну пури Пашанг,
Ба дарё зи бимам гурезад наҳанг.
Ба яздони додору чархи баланд,
Ба рахшанда хуршеди гурзи каманд.
Ки бо Хусрав андар набард он кунам,
Ки чашмаш зи андўҳ гирён кунам.
Ба ханҷар бибурам сарашро зи тан,
Ба мардум намоям сараш бе бадан.
Бибуррам сари Золу Барзу ба ҳам,
Занам оташ андар дили Густаҳам.
Ту лашкар баророю бар сози ҷанг,
Чунон чун бувад сози ҷангӣ паланг!
Садои шайпур ва мусиқӣ баланд мешавад.

Ровиён дар саҳна.
В-аз он рўй Кайхусрав омад падид,
Ҷаҳондор Дастон бар ў кашид.
Сарафроз Барзую Рустам ба ҳам,
Бузургони Зобул ҳама бешу кам.
Ситоишкунон пеши Хусрав замин,

пешина
аз 315
навбатӣ