ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Бибўсид ҳар як бар он дашти кин.
Бипурсид Хусрав зи озодагон,
Зи Тўсу зи Гударзи кишводгон.
Ба-д ў гуфт Рустам ду дида пуроб,
Чӣ донӣ ту найранги Афросиёб.
Яке доми чора бигустурд ўй,
Фитод андар-он ҳар ки буд, номҷўй.
Бифармуд, то лашкар оростанд,
Мар он размро базм пиндоштанд.
Зи гурдони Эрон сипаҳ сӣ ҳазор,
Ҳама номдорони ханҷаргузор.
Пиёда сипардор дар пеши саф,
Ба сони ҳуюн бар лаб оварда каф.
Ҷаҳондор Кайхусрав аз пушти пил,
Замин кард монанди дарёи Нил,
Барафрохта ковиёнӣ дирафш,
Ҷаҳоне шуда сурху зарду бунафш.
Ҷаҳонҷўй Барзўӣ бар маймана,
Фаробурзу Ковус бар майсара.
Ҷаҳондор Достон ба қалб андарун,
Ба кина шуда ҳар яке раҳнамун.
Майдони набард. Афросиёб ғарқи андўҳ. Вай аз шуҷоати лашкари Кайхусрав, ки дам ба дам лашкари ўро нобуд карда истодааст, дар тааҷҷуб аст.
Афросиёб (ба Пирон).
К-эй паҳлавон!
Мабош андар ин кор хастаравон.
Биёроӣ бар дашти Эрон сипоҳ,
Ки ман рафт хоҳам ба овардгоҳ.
(Ба Шида).
Ки эй номвар пури озодмард,
Ба оин бидор ин дирафши сиёҳ,
Чунон чун ҳаме доштам ман нигоҳ!
Шида. Ба чашм, алоҳазрат!
Меравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо