Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Афросиёб (хўрушида бонг мезанад).
Кайхусрав, эй шаҳриёр,
Натарсӣ зи яздони парвардигор.
Ки аз он ба назди ман орӣ сипоҳ?
Набудаст кас бо ниё кинахоҳ!
Биё, то ману ту ба овардгоҳ,
Бикўшем бо якдигар бе сипоҳ,
Агар ту шавӣ кушта бар дасти ман,
Ба моҳӣ гироянда шуд шасти ман.
Баросояд Эрону Тўрон зи кин,
Шавад эмин аз кина рўи замин.
Агар ман шавам кушта бар дашти ҷанг,
Ту макшоӣ з-он пас ба кина ду чанг.
Ҳама марзи Эрону Тўрон турост,
Набошад ҷуз он к-ат ҳаме рой хост.
Кайхусрав (пайдо шуда худ ба худ).
К-эй довари раҳнамун!
Ту донӣ, ки ин марди пайкорҷўй,
Ки бо ман ҳаме ҷанг кард орзўй.
Ба бедодӣ кўшад ҳамеша ба кин,
Зи нафрин наяндешаду офарин.
Ба кина падар дил пур аз кимиё,
Ба майдон чу оям ба пеши ниё.
Шикаст андар оину кеш оварам,
Чу ман бо ниё кина пеш оварам.

Мехоҳад ба ҷанг дарояд, вале Рустам пеши роҳи ўро медорад.

Рустам. К-эй шаҳриёр!
Ба яздони додору парвардигор,
Маранҷон танатро ба пайкори ҷанг,
Сари номдорон маёвар ба нанг!
Ту нашнудӣ он достони шигифт,
Ба дасти касон мор шояд гирифт.
Бимон, то ки Барзўй берун шавад,
Ба-д ин разм бо ў ба ҳомун шавад.

пешина
аз 315
навбатӣ