ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ту бар тахти заррин бар он пушти пил,
Нишин, то кунам дашт чун рўди Нил.
Кунам рўзи рахшон бар ў – бар сиёҳ,
Намонам ба-д ин дашт шоҳу сипоҳ!
Хусрав. К-эй паҳлавон!
Набол андар ин кор хастаравон.
Маро хост – Барзўй берун шавад,
Ба вижа равонам пур аз хун шавад.
Агарчанд эрониён ҷанги ман,
Ба майдон надиданд оҳанги ман.
Зи пушти Сиёвахши номӣ манам,
Баланд осмон бар замин барзанам.
Маро назди ў рафт бояд ба ҷанг,
Ба пайкори ў ҳамчу шарза паланг.
Рустам. Ба яздони додору чархи баланд,
Ба ҷону сари шоҳу гурзи каманд.
Ба хоки Сиёваш ба Тўронзамин,
Ба хуршеди рахшандаву дашти кин.
Ки бахшӣ ба ман ҷанги пури Пашанг,
Бибинӣ ба пирӣ маро рўзи ҷанг.
Хусрав. Ки эй номвар марди фархунданом!
Ба мардӣ кас аз ҷанги гардун нараст,
Надонам беҳ аз гурди Хусравпараст.
Ба Тўрон Сиёвахши рад кушта шуд,
Замона ба хуни вай оғўшта шуд.
Ба дасти Дамуру Каруи Зиреҳ.
На бар сар-ш хўду на бар тан зиреҳ.
Ту донӣ, ки ман чунам аз дарди ўй,
Ниҳода зи кина ба рух – бар ду ҷўй.
Надонад беҳ аз ту кас ин розро,
Бар ин роҳ набояд задан созро.
Рустам. Мефаҳмам садои дили шуморо олампаноҳо. Лекин...
Афросиёб. Ба давомаш гўш бидеҳ!
Нахоҳам, ки печи дили ман зи тоб,
Зи кин ар бувад сад чу Афросиёб!
Маро ҳамчу ў мард бояд ҳазор,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо