Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба майдони кина гаҳи корзор.
Ба кини падар хуни ў бар замин,
Ба ҷуз ман нарезад касе рўзи кин.
Маро уфтодааст бо ў набард,
Шуморо чаро гашт рухсора зард?
Рустам. Шоҳо! Таҳаммул пеша кун!
Ба ҷону сари шоҳу оини кеш,
К-аз эдар н аёрӣ ҳаме пой пеш.
Ҳамоно чу ёд оварӣ кори ман,
Натобӣ саратро зи гуфтори ман.
Ман истода бар дашту ту ҷангҷўй,
Набошад маро назди додор рўй.
Ба додори гетӣ, ки то зиндаам,
Ба фармону роят сарафканам.
Барзу (назди шоҳ омада дар як даст ханҷар, дар дасти дигар мушти хок дорад).
К-эй шаҳриёр!
Тўи аз каёни ҷаҳон ёдгор.
Ба яздони додору чархи баланд,
Ба ҷону сари шоҳу теғи каманд.
Ки дастур бошад маро шаҳриёр,
Ки то як сухан з-ў кунам хостор.
Чу посух биёбам зи шоҳи ҷаҳон,
Сарафроз гардам миёни меҳон.
Хусрав. К-аз ин орзўй,
Натобам, ба додори доранда, рўй!
Барзў. К-эй номвар!
Ту донӣ, ки ман то бибастам камар.
Зи ҳангоми Афросиёби далер,
Ки аз ман ҳамеҷўст пайкори шер.
Ба ҷуз гурзу шамшеру майдони кин,
Надидам дигар ҳеҷ з-Эронзамин.
Дигар банду зиндону торик гоҳ,
Ҳама нек донад ҷаҳондор шоҳ.
Ниёгони ман Рустаму Золи зар,
Басе ёфтанд аз каён тоҷи зар.
Чӣ дар рўзи разму чӣ дар гоҳи ном,
Зи шоҳон басе ёфтастанд ком.

пешина
аз 315
навбатӣ