Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамон кун ту бо ман ба-д ин ҷой дод,
Ки бо Рустами номвар Кайкубод.
Ту шоҳи навоину ман чун раҳӣ,
Ту он кун, ки зебад зи шоҳон шаҳӣ.
Хусрав. Эй номвар паҳлавон,
Туро орзу чист андар ҷаҳон?
Бигў, то барорам ҳама коми ту,
Ба гардун барорам ҳама номи ту.
Барзу. К-эй шаҳриёри далер.
Агар шоҳ бо банда паймон кунад,
Ба паймон дили банда хандон кунад.
Бихоҳам зи шоҳи ҷаҳон орзўй,
Ки донам, зи паймон натобӣ рўй.
Хусрав. Гўш дорам туро!
Барзу. К-эй шаҳриёр,
Ба ман бахш имрўз ин корзор!
Диламро зи пайкору кин барматоб,
Бимон, то шавам назди Афросиёб!
В-агар кушта гардам ба-д ин дашти ҷанг,
Ба дасти ҷаҳондор пури Пашанг.
Маро дар замона ҳаме ном бас!
Нахоҳам ҷуз ин худ зи фарёдрас!

Хусрав сар хам карда ба фикр фурў меравад. Баъди фосилае.

Хусрав (ба Рустам). К-эй паҳлавон!
Фиреб аз ту омўхтаст ин ҷавон!
Зи тухми туву пури Сўҳроби род,
Ки чун ў ба мардӣ зи модар назод.
Ба гуфтори ширин чунонам бибаст,
Ки паймони ўро нашояд шикаст.
Маро ин замин гашт бар дил дуруст,
Ки ин номвар гурд аз тухми туст.
Гумонам чунин буд, ки ин номвар,
Зӣ дониш надорад ҳаме болу пар.
Ба чора зи пирони Виса беҳ аст,
Ба дониш зи донанда Дастон меҳ аст.
Нашояд зи паймон кунун боз гашт,

пешина
аз 315
навбатӣ